Раванди бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ба таҳкими рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонида, сабабгори аз байн рафтани арзишхои миллӣ ва фарҳангӣ мегардад. Бо мақсади пешгирии раванди бегонапарастӣ дар ҷомеа махсусан дар байни ҷавонон, кормандони ВКД таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро мақсаднок ба роҳ мондаанд. Ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби сару либоси миллӣ, нишонаи баланди ҳисси ватандустӣ ва ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, дар ин самт саҳми занон, ки дар баробари мақоми беназири модару хоҳари меҳрубонро доро будан, инчунин тарбиятгару парастанда ва роҳнамои ҷавонону наврасон мебошанд, назаррас аст.
Хушбахтона имрӯз бо талошу заҳмат ва дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин отифаи зебоӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардида, барои баланд бардоштани мақоми занон тамоми талошу кушишҳо роҳандозӣ мегарданд.
Имрӯз занону духтарон дар тамоми ҷодаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дошта, ҳеҷ як корхонаву идора, вазорату кумита ва ташкилотеро бе фаъолияти онҳо тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.Занон дар вазифаҳои масъулиятноки роҳбарикунандаи давлативу ҷамъиятӣ, ҳарбиву низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ, муҳандисиву роҳсозӣ, кишоварзиву саноатӣ ва тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварамон адои хизмат намуда, дар баробари мардон шуҷоату матонат ва бо ғайрати тамом дар кори ободиву хуррамӣ ва амнияту осудагии кишварамон саҳми арзанда доранд.
Ба хусус дар мақомоти корҳои дохилӣ низ саҳми занон дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиву таъмини амнияту бехатарии шаҳрвандон назаррас буда, онҳо дар вазифаҳои масъулиятноки роҳбарикунанда низ сарбаландона адои хизмат менамоянд.
Боиси сарфарозист, ки занони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри ба иҷро расонидани вазифаҳои дар назди милитсия гузошташуда, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва коргузорӣ хизмати софдилона намуда, дар пешгирии ҳама намуди ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми босазо мегузоранд.
Дар баробари ин кормандзанони ВКД дар таҳкими фарҳанги либосҳои миллӣ саҳм гузошта, бевосита барои эҳё ва рушди мероси фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маданияти либоспӯшии ҷавонон мусоидат менамоянд.
Эҳсон Абдуллозода
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>