Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020, марди 37-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои тиҷорат аз ӯ 750 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда доддааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи феврали соли 2021, дар назди беморхонаи Қарияи Боло бо роҳи фиреб ба боварии марди 56 ва бародараш, марди 53-солаи сокинони ноҳияи Восеъ, даромада аз онҳо 238 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба онҳо 6,5-сотих замини назди ҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо номбурда маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон, номбурда такроран моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини ноҳияи Лахш даромада, аз ӯ 136 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-350»-ро оварда медиҳад, аммо то ҳол автомашинаи мазкурро надода маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зани 40-солаи сокини шаҳри Бустон оғоз карда шудааст.
Номбурда, моҳи августи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 285 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол мадлағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>