Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои Осорхонаи миллӣ

100

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқ намудаи роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт аз Осорхонаи миллӣ ва лавҳаи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст», ки бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба намоиш гузошта шудааст, дидан намуданд.101
Лавҳаи мазкур далериву шуҷоатмандӣ ва корнамоиву қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузарги Ватаниро дар бар гирифтааст. Дар гӯшае расми 54 нафар иштирокчиёни ҷанг, ки аз Тоҷикистон сафарбар гардида, унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро дар Ҷанги бузурги Ватанӣ ба даст овардаанд, ба намоиш гузошта шудааст, ки мардонагиву далерии ҳар яке аз онҳо барои насли ҷавони имрӯз омӯзандаву қобили ибрат аст. Воқеан, мардонагиву далерии ҳар як нафар иштирокчиёни ин ҷанг ва саҳми онҳо барои ба даст овардани ғалаба ва таъмини сулҳу субот ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
103Дар гӯшаи дигаре, намунаи силоҳҳои ҷангӣ, медалу орденҳо, мактубу ҳуҷҷатҳо ва тасвирҳои мондагоре ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар яке аз онҳо таърихи ба худ хос дошта, аз рӯзҳои даҳшатбори ҷанг қисса намуда, инсониятро ба дӯстиву рафоқат ва нигоҳ доштани тинҷиву оромӣ талқин месозанд.
Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика