Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз

21

7-уми майи соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «BMW», Юнусов Ёқубҷон Маҳмуродович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок» дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи ронанда, Ортиқбоев Ҳамидҷон Иномович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Спиатмен, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Бобоева Мухлиса Ӯктамовна, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
7-уми майи соли 2023, тахминан соати 12:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Раҷабов Нарзулло Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар наздикии ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Раҳматшоева Обида Муродалиевна, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Данғараро пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурда, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика