Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани якчанд нафар дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

119

4-уми майи соли 2023, тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нуралиев Рустам Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Вахш ба самти ноҳияи Кӯшониён, дар вақти расидан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобил баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, ки таҳти идораи Сафаров Шокир Талбонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Вахш қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нуралиев Р.Р. ва мусофиронаш Нуралиев Саидхон, соли таваллудаш 1990, Азизов Субҳон, соли таваллудаш 1997, сокинони ноҳияи Вахш, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидаанд ва Абдуллоев Нурали, соли таваллудаш 1996, Собиров Фируз Вакилович, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, Сафаров Ш.Т. ва мусофиронаш Қурбоназарова Зарина Гулмуродовна, соли таваллудаш 1985, Шарифзода Саидмуҳаммад, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика