Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани мусофири ноболиғ дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

87

26-уми апрели соли 2023, тахминан соати 00:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Маликов Фирдавс Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Айнӣ-Панҷакент» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри мазкур, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста ба автомашинаи тамғаи «CHANGLIN NAR 955L», ки таҳти идораи Тоштемиров Худойназар Узбекбоевич, соли таваллудаш 1979, сокини ҳамин шаҳр бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ноболиғ Маликов Юсуфҷон Фирдавсович, соли таваллудаш 2014, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигараш Ҷураева Райҳона Маҳмадқуловна, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика