Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани мусофир бар асари ҳодисаи нақлиётӣ

32

25-уми апрели соли 2023, тахминан соати 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Рузиев Неъматулло Ҳисайнович, соли таваллудаш 1993, миллаташ тоҷик, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи сохтмонаш нотамоми хокии бе ягон аломати ишоракунандаи роҳ, аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди деҳаи Меҳтар, ҷамоати деҳоти Сафобахш, дар қисмати тарафи чапи қафои автомашинаи тамғаи “Лугонг”, ки таҳти идораи ронанда, Раҳимов Диловаршо Соҳибхонович, соли таваллудаш 1995, сокини Шаҳри Кулоб, ки аз самти деҳаи Меҳтар ба самти маркази ноҳияи Данғара ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ёдгорова Дилором Мирзоевна, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва мусофирони дигари автомашинаи мазкур Рузиев Ҳисайн Рузиевич, соли таваллудаш 1965, Боймуродова Малоҳат Матхоновна, соли таваллудаш 1966, сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика