Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани се садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз

38

21-уми марти соли 2023, тахминан соати 03:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Қурбоналиев Далер Хушвахтович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи Ҳоҷӣ Шариф ба самти беморхонаи клиникии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Кароматулло Негматуллоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Қурбонов К.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 21-уми марти соли 2023, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Каролла”, Каримов Абдуғаффор Додхуҷаевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Москва ба самти ҷамоати деҳоти Қаҳрамон, ҳангоми сабқат кардан ба автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, таҳти идораи ронанда, Бозоров Бегназар Тошмуродович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисми пеши автомашина дучархарон Боронов Ҷумахон Рустамович, соли таваллудаш 1958 ва Каримов Абдулмумин Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1978, сокинони ноҳияи Ҳамадониро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Боронов Ҷ.Р. ва Каримов А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
21-уми марти соли 2023, тахминан соати 05:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДАФ», Шарифов Маҳмадрофи Латифович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кулоб дар километри 20-500 роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кулоб-Хоруғ ба автомашинаи тамғаи «Опел Астра», таҳти идораи ронанда, Муяков Файзалӣ Мараҳимович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», Муяков Ф.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика