Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойини ниёгон

234

17-уми марти соли 2023 бо иқдоми роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба хотири арҷ гузоштан ба сунатҳои қадимаи мардуми тоҷик, гиромидошти ҷашни байналмилалии Наврӯз, чорабинии идона бо пешниҳоди намудҳои беҳтарин таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.
Нахуст сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан, меҳмонону иштирокчиёни чорабинии наврӯзиро бо ин ҷашни фархунда, табрику таҳният гуфта, оид ба таърихи пайдоиш, мавқеъу манзалат ва хусусиятҳои хоси иди ҷаҳонии ниёгон – Наврӯз суханронӣ кард.
Зикр гардид, ки Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад ва таърихи зиёда аз панҷҳазорсола дорад.
Ниёгони мо ба сунати фарҳангие асос гузоштанд, ки баёнгари пирӯзии нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва тантанаи покиву садоқат ва тозагиву озодагии инсонӣ мебошад.
Халқи шарафманду фарҳангдӯсти тоҷик имрӯзҳо иду ҷашнҳои зиёдро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд, вале дар байни ҳамаи ин идҳо Наврӯз мақоми махсус дорад.
Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгони мо мавқеи байналмилалиро касб намуда, ҷаҳонӣ шуд.235
Ҷашни Наврӯз соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, айни замон тамоми кишварҳои дунё ин иди зебои баҳорро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.
Тавре аз баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Иди Наврӯз, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шӯкуҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврӯз давраест, ки замин ба меҳвари хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро руҳу равони тозае бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад».
Дар намоишгоҳ қадимтарин ёдгориҳои таърихӣ, асбобҳои мусиқӣ ва намунаҳои гуногуни гулдузӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, ки аз ҷониби кормандон ва бонувони мақомоти корҳои дохилӣ ба намоиш гузошта шуда буд, сазовори баҳои арзанда гардиданд.
Барномаи консертии саршор аз шукронаи насими баҳору Наврӯз, тинҷиву ободии сарзамини тоҷикон бо иштироки санъаткорони бахши фарҳанги вилоят, анҷомбахши чорабинии идонаи Наврӯзӣ гардид.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика