12-уми марти соли 2023, тахминан соати 12:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Атеко», Мансуров Абдухалил Абдуллаҳақович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Икромов Бахтиёр Кучкарович, бархӯрдааст.
Боз ӯ ба автомашинаи тамғаи «Прадо», таҳти идораи ронанда, Яқубов Беҳруз Шарифҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе ва автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», таҳти идораи ронанда, Нуралиев Фирдавс Сафарович, сокини ноҳияи Варзоб, ки ба самти вилояти Суғд ҳаракат карда истода буданд бармехӯрад, ки дар ин асно автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра» аз уҳдаи идораи ҳаракати автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», бармехӯрад.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Ятимова Гулрафтор, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, Мадинабонуи Фарҳодҷонзода, соли таваллудаш 1998, Боқиева Осия, соли таваллудаш 2018, Қодирова Омина, соли таваллудаш 2022, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Мусофири дигари автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Холматов Фарҳодҷон Мухторович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
13-уми марти соли 2023, тахминан соати 03:50-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо», Руҳуллаҳ Маҳаммадӣ, соли таваллудаш 1986, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Суфиёни шаҳри Панҷакент, муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», ки таҳти идораи ронанда, Қурбонов Абдулҳамид Абдуқаюмович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри мазкур қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо» Руҳуллаҳ М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>