Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз

03

8-уми марти соли 2023, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21015», Аминов Зокирҷон Аминович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди ноҳияи Спитамен қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, Ҷуманазаров Ҳасан Шодмонович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Истаравшанро, ки дар шафати рости роҳ дар ҳолати хоб қарор дошт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Ҷуманазаров Ҳ.Ш. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
9-уми марти соли 2023, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан», Якубов Хуршед Ҷурақулович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи Зафар ба самти кӯчаи И.Сомонии пойтахт, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба болои хати пиёдагардони танзимшаванда ҳаракат карда, пиёдагардони ноболиғ Назарова Ҳусноро Сафаралиевна, соли таваллудаш 2008 ва Назарова Фариза Сафаралиевна, соли таваллудаш 2005, сокинони пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагардони ноболиғ Назарова Ҳ.С. ва Назарова Ф.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда Якубов Х.Ҷ. дар беморхона бистарӣ гардидаанд, ки пас аз 5-соат ноболиғ Назарова Ҳ.С. ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо санҷиш идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика