Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

090

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ аризаи марди 66-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 16-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 14:45-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чубек, 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солоаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2019, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба анборхонааш даромада, аз он ҷо маҳсулоти рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 64-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 23-юми январи 2022, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 17 ҳазору 800 сомонӣ, 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг” ва 1-адад матоъи занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд, ки ӯ ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии пешдастгиршуда, марди 36-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 26 ба 27-уми феврали соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 7 ҳазор доллари амрикоӣ, 2 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 80 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия фарзанди ноболиғаш ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика