Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаи сӯхтор дар яке аз марказҳои савдои ноҳияи Панҷ

18 феврали соли 2023, соати 03:00, дар маркази савдои ҶДММ «Фархундаи-Шуҳрат» воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ, ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки ба Сиярова Ойҷон, соли таваллудаш 1954, сокини деҳаи Имоммашраби ноҳияи мазкур мансуб мебошад, сӯхтор ба амал омад. Фавран ба ҷойи ҳодиса 7-адад нақлиётҳои оташнишонӣ ва 83 нафар ҳайати шахсӣ сафарбар карда шуданд.

Ҳангоми расидани қувва ва воситаҳои оташнишонӣ ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор мушоҳида гардид, ки алангаи оташ дар масоҳати 240 метри мураббаъ, 13 адад нуқтаҳои хизматрасониро фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн гардидани он ба дигар биною иншоотҳо ба миён омадааст. Сӯхтор дар соати 04:28-дақиқа иҳота карда шуда, дар соати 04:45-дақиқа бо пуррагӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд.

Сабаби сар задани сӯхтор расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ дар симчӯб мебошад.
Молу масҳулот тақрибан ба маблағи 30 миллион сомонӣ аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд.
Таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор аз тарафи гурӯҳи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Панҷ ва дигар мақомоти дахлдор идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика