14-уми феврали соли 2023, тахминан соати 16:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Боҳтурхони Зайнулло, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Ҳазратқулов Самандар Шодмонович, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Ҳазратқулов С.Ш. ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
15-уми феврали 2023, тахминан соати 01:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳмонов Мансур Бозорович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Норак ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми чапи роҳ баромада, ба чуқурии тахминан 100 метр чапа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина Сафарова Анзурат Хайриддиновна, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>