Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабар оид ба офатҳои табиии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

15-уми феврали соли 2023 бинобар сабаби боридани барфи зиёд тақрибан соатҳои 11:00, дар шаҳри Хоруғ, кӯчаи Н.Хисрав дар натиҷаи лағжиши тарма бинои Консулии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зери тарма монда, дар натиҷа 8 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Ҷустуҷӯи чанд нафар беномунишон гумшудагон идома дорад.

Инчунин, 7 манзили истиқоматӣ зери тарма монда, пурра хароб гашта, 10 хонаи дигар қисман зарар дидааст.
Ҳамзамон 12 нафар шаҳрвандон ба Маркази ташхиси Хоруғи боло дастрас карда шуданд, ки 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Айни замон, Комиссияи махсус аз ҳисоби сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, ба осебдидагон кумак фиристодаанд ва дар ҷойи ҳодиса Ситод оид ба бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ корҳои бартарафсозиро идома дода истодааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика