Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 2-юми феврали соли 2023, 5 нафар ҷавонзан тахминан соати 22:00, бо автомашинаи кироякаш ӯро ба ҳудуди ноҳияи Варзоб оварда, ҳақорату дашномҳои қабеҳ дода мавриди лату кӯб қарор додаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ду нафари онҳо телефони мобилии тамғаи «Хонор-50»-ро ошкоро тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро 5 нафар ҷавонзани аз 18 то 23-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбе, Кулоб ва ноҳияи Рӯдакӣ содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>