4-уми феврали соли 2023, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, Ҷӯраев Бароталӣ Турақулович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Осмондара ба самти деҳаи Остонаи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори рости роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Ҷӯраев Б.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
5-уми феврали соли 2023, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, Насимҷони Назрулло, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти деҳаи Шаҳбури кӯҳна аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Назаров Маҳмадшариф Фатҳуддинович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, Набиева Чамангул Алимардоновна, соли таваллудаш 1973, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Назаров М.Ф. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
5-уми феврали соли 2023, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Филдер”, Алиев Зиёдулло Тошмаҳмадович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Қаҳрамони ноҳияи мазкур дучархарон, Корчаев Ҷумамурод, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Муъминободро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Корчаев Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>