Аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат занону бонувон саҳми беандозаи худро бо кордонию маҳорати баланд ва маърифати сиёсӣ баҳри ободониву шукуфоии кишвар гузошта истодаанд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба ташаббускорӣ, масъулият ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеа дар ҳамаи соҳаҳо баҳои баланд дода шудааст.
Аз ҷумла, дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 дар радифи ҳамаи самтҳо ба нақш ва мақоми занону бонувон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, зикр карданд, ки «Солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд».
Аз баракати истиқлол ва хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, занони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати хосаеро соҳиб гаштанд. Мақоми занону бонувон дар идоракунии давлатӣ таҳким ёфта, «ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро ташкил медиҳанд», ки ҷалби занону бонувон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва давлату ҷомеа дар навбати худ ба нерӯву ташаббусҳои занон ҳамеша эътимод дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ махсус таъкид сохтанд, ки «Мо ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Ҳамзамон барои он, ки онҳо насли ояндаро ба таври самаранок тарбия карда тавонанд, қабл аз ҳама, худ бояд босаводу бомаърифат бошанд. Ба ин хотир Ҳукумати мамлакат дар фарогирии занону бонувон ба таълим ва соҳибкасб намудани онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Имрӯзҳо занон на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, балки дар соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат, ба монанди нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, кӯҳкорӣ, бонкдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сафҳои Артиши миллӣ софдилонаю содиқона хизмат намуда истодаанд.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ низ занону бонувони қавиирода дар вазифаҳои гуногуни пурмасъул кору фаъолият доранд.
Аз ҷумла, дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон 124 нафар занони таҳсилдида ва дорои рутбаҳои гуногуни низомӣ, баҳри таъмини тартибот, суботу осоиштагии шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун камари ҳиммат баста, бо мақсади решакан намудани ҷинояту ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебаранд.
Дар ин раванд фаъолияти занон аз ҷониби Ҳукумати кишвар, роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ пайваста дастгирӣ ёфта, дар арафаи тамоми иду ҷашнҳои милливу соҳавӣ қадршиносӣ карда мешаванд, ки ин қадрдониҳо боиси ифтихору сарафрозии кулли занону бонувони мақомоти милитсия маҳсуб меёбад.
Дар баробари мардон бо мақсади тақвияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти миллӣ, бо як ҳисси масъулияти баланд дар назди халқу Ватан бар зидди ноадолатиҳои ҷомеа муборизаи беамон мебаранд.
Ҷавобан ба ин ҳама дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандзанони ҳифзи ҳуқуқ Паёми Пешвои миллатро ҳамчун раҳнамо ва дастурамали кории хеш қарор дода, барои ҳифзу ҳимояи давлату миллат ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми худро мегузорем.
Мафҳумҳои садоқат ба халқу миллат, ватандӯстиву ифтихор ва гиромидошти фарҳангу арзишҳои миллиро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатӣ дарҷ гардидаанд, бо садоқати худ кӯшиш менамоем, то сазовори боварии давлату миллат бошем.
Офоқ Қодириён, сардори Шуъбаи МИН ва КШИ Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>