Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми январи соли 2023, тахминан соати 16:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дӯкони заргариаш, воқеъ дар бозори марказии ноҳияи Данғара 2-адад гӯшвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 330 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Норак, пеш бо моддаи 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ванҷ бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми январи соли 2023, тахминан соати 10:30-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз утоқи кориаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Сиёмӣ Поко Ф”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 60-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, оғоз карда шудааст, ки ӯ моҳи январи соли 2023, бо тариқи пинҳонӣ аз нуқтаи таъмири воситаҳои наклиёт, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ, таҷҳизоти гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>