22-юми январи соли 2023, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Дулон”, Мисоков Абдуҷалил Абдусатторович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Панҷи поён - Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, автомашинаи худро дар маркази хатти роҳи дар боло зикршуда қарор додааст, ки дар ҳамин вақт автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Холиқов Абдуҷаббор Каримҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ҳамин ноҳия, омада ба қисмати қафои автомашина бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холиқова Руҳамо Исматуллоевна, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари ҳамин автомашина, Холиқов Каримҷон Шоҳмадуллоевич, соли таввалудаш 1969 ва ноболиғ Холиқова Хатича Сатторовна, соли таваллудаш 2017, сокинони ҳамон ҷо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>