Масъулини Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Спитамен бо ташкили шароити созгори кору хизматрасонӣ эҳтиёҷоти сокинони ноҳияро барои соҳибшиноснома гардонидан таъмин намуда, айни ҳол диққати асосиро ба он равона карда истодаанд, ки ҳарчи бештар шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 ё ID кордҳои электронӣ иваз карда шаванд. Зеро таваҷҷуҳ ба ин самти фаъолият баҳри татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 таҳти № 207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» мусоидат мекунад. Самти дигари фаъолият ва таваҷҷуҳи масъулини хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Спитамен ин ҳарчи бештар ва саривақт таъмин намудани хонандагони синфҳои болоӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият мебошад. Маҳз бо ҳамин хотир кормандони хадамот дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия нақшаи якҷояи корӣ тартиб дода дар тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида қабули гурӯҳии наврасони ба синни шиносномагирӣ расидаро барои соҳибҳуҷҷат гаштан дар хадамот ба роҳ мондаанд. Ташкили чорабиниҳои тантанавии супоридани шиноснома ба соҳибонаш дар ҳузури ҳамсолон, омӯзгорону волидон бо хотирмониаш ҷонибдорӣ ёфта ҳавасмандии хоандагонро бештар намудааст.
Чанде пеш ҳамин гуна чорабинии тантанавӣ дар ҷараёни ҷаласаи навбатии шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гашта, сардори ХШБ ШВКД дар ноҳияи Спитамен майори милитсия Диловар Холзода оид ба тартиби барасмиятдарории шиноснома, мавқеъи шиноснома дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи дурусти он, ҳозирин, алалхусус хонандагонро огоҳ сохт.Ҳамчунин 18 нафар хонандагон аз ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар вазъияти тантанавӣ шиносномаҳои худро ба даст гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки ташкили чунин чорабиниҳои маърифатӣ бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгириии ВКД ба нақшаи кории хадамот ворид карда шуда зерсохторҳо дар минтақаҳо корбарӣ намуда ҳисобот медиҳанд. Тавре масъулин иброз медоранд ин ташаббус ба он хотир аст, ки наврасон барои гирифтани шиноснома ҳавасмандӣ пайдо кунанд, ҳамзамон бори аввал гирифтани шиноснома ва расидан ба давраи камолоту балоғат барояшон хотирмон бошад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>