Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истифодаи шаҳодатномаи қалбакии ронандагӣ ронандаро ҷавобгар намуд

 71

Нозирони шуъбачаи БДА ШВКД дар шаҳри Конибодом зимни хизматбарӣ ва назорат аз болои иштирокчиёни ҳаракати роҳ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Патари шаҳри мазкур ҳуҷҷатҳои ҳолати техникии автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», аломати қайди давлатиаш ТҶ 19 77 ММ 02 таҳти идораи ронанда Абдуллоев Анвар Мамурҷонович, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодомро санҷиш намуда, сохтакории ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳанда аз ҷониби ӯро ошкор намуданд.
72Шаҳодатномаи ронандагии қалбакӣ бо дараҷаи «Б» барои идораи нақлиёти сабукравро гумонбаршуда Анвар Абдуллоев дар Федератсияи Россия бар ивази 5 ҳазор рубли русӣ ба даст оварда, онҷо истифода ва баъди бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ мехост дар Тоҷикистон истифода барад, аммо ин усули ғайриқонунӣ кор надод, зеро кормандони шуъбачаи БДА ШВКД дар шаҳри Конибодом ҳануз соли 2021 қоидавайронкунии дағали ӯ - дар ҳолати мастӣ идора кардани автомашинаро ҳуҷҷатгузорӣ намуда огоҳ буданд, ки бо ҳукми суд Анвар Абдуллоев 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда шудааст.
Бо амали ғайриқонунӣ идораи воситаи нақлиёт бо шаҳодатномаи баръало қалбакӣ шаҳрванд Анвар Абдуллоев талаботи меъёрҳои дар моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо вайрон ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
73Фарқ ва муайян кардани шаҳодатномаи қалбакии сохтакоришуда аз шаҳодатномаи аслӣ барои кормандони БДА мушкилие надорад, зеро онҳо мунтазам аз курсҳои махсуси такмили ихтисос гузашта нозукиҳои самти фаъолияти худро меомӯзанд.
Кормандони ШБДА ШВКД дар шаҳри Конибодом хамарӯза ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, таъмини талаботҳои коидаҳои ҳаракат дар роҳ ва назорати вазъи интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар минтақаи маъмурӣ сафарбар мешаванд. Суҳбату вохӯрӣ бо ронандагон, ошкор кардани қоидавайронкуниҳо, бахусус қоидавайронкуниҳои дағал дар самти фаъолияти хизматӣ натиҷаи ҳамин гуна корбариҳост.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun1

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика