Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳадаф - баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ дар самти шиноснома

IMG 1308

Дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати мамлакат, пос доштани оромиву осиштагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ошкору пешгирии қонуншиканӣ мақсади асосӣ ва яке аз вазифаҳои ҷонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор рафта, кормандони ин ниҳод баҳри ҳарчи хубтар амалӣ гардонидани мақсадҳои дар наздашон гузошташуда вохӯриву суҳбатҳои судмандро байни аҳолӣ бештар ба роҳ мондаанд.

66Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД кормандони дастгоҳи марказии ин хадамот ва воҳидҳои поёнии он вобаста ба минтақаи хизматиашон пайваста дар маҳаллаву ҷамоатҳо бо аҳолӣ вохӯриҳо доир менамоянд.

68Бо ин мақсад, ҳафтаи сипаригардида сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ ВКД полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода, сардори ХШБ ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур майори милитсия Нилуфар Асламшозода ва кормандони бахши мазкур дар Раёсати кор бо маҳаллаҳо ва хизматрасонии фонди манзилию коммуналии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо раисон ва сокинони маҳаллаҳои Шоҳмансур, Гулистон, 1 май, Яккатут ва дар умум, бо намояндагони 45 маҳаллаи ин ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода оид ба амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, таҳти №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» суханронӣ намуд.
69Мавсуф дар баромади худ оид ба мӯҳтаво, мӯҳлат ва раванди амалишавии мавзӯъҳои дар боло зикргардида, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №24 аз 12 феврали соли 2022 «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 изҳори андеша намуда, зикр кард, ки “шумо раисони маҳаллаҳо бештар бо сокинони минтақаҳои хизматии худ дар робита ҳастед. Хуб мешуд вобаста ба мавзуъҳои матраҳгардида корбарӣ ва дар бартараф намудани мушкилоти онҳо мусодат намоед”.
70Инчунин, номбурда оид ба сари вақт дастрас намудани шиносномаи шаҳрвандӣ аз ҷониби хонандагону хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, ки аллакай ба синни 16 расидаанд, боз ҳам қавитар намудани ҳамкориҳо бо кормандони бахшҳои шиносномавию бақайдгирии маҳалли зист, оид ба тартиби иваз ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани шиноснома ва моҳияту нозукии ин самт баромад намуда, қайд кард, ки имрӯз кормандони ХШБ бо аҳли ҷамоатчигӣ ҳамкориҳои судманду қавиро ба роҳ монда, кӯшиш менамоянд ҳама он уҳдадориҳое, ки ба зимма доранд, сари вақт ба ҷо оваранд.
Мақсад аз вохӯрии имрӯза ҳам баҳри ҳамаҷониба мусоидат намудан ва осон намудани мушкилии пешомадаи шаҳрвандон мебошад.
Дар интиҳо намояндагони маҳаллаҳо вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.

Р. ИЛЁСОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика