Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо нафароне, ки аз худ муллову фолбин тарошида, мардумфиребиро барои хеш як василаи рӯзгузаронӣ қарор додаанд, зиёд ба чашм мерасанд.
Аксар мизоҷони ин нафарони ба ном табибу сеҳргар бонувон буда, барои табобат, аз дарди дил ва фарзанддор шудан, гармиву сардӣ намудани шахсе ба назди онҳо мераванд.
Ҳарчанд сеҳр, фол дидан, ҷодугарӣ кардан гуноҳи азим ба ҳисоб равад ҳам, мутаассифона мардум аз сабаби паст будани маърифату содагии хеш ба назди ин тоифа мераванд ва ин нафарони мардумфиреб, ки гӯё аз ғайб ҳарф мезананд ва мушкилоти нафари корафтодаро комилан бартараф карда метавониста бошанд, эшонро дилпур менамоянд ва ваъдаи дар муҳлати муайян “ҳал” шудани мушкилоташонро медиҳанд.
Ин тоифа бо суханони макромези худ ба эътимоди корафтодагон ноил гардида, баъдан талаби ҳар гуна молу амволро менамоянд, ки ин амали онҳоро бе муҳобот метавон як манбаи даромади муфт ва мардумфиребӣ номид.
Вале, таассуфовар он аст, ки новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ, баъзе аз шаҳрвандон ба чунин афрод бовар карда, ба ҷойи муроҷиат ба тибби муосир аз ин қабил мардумфиребон дармони дард меҷӯянд ва беҳуда маблағҳои ҳангуфтро аз даст медиҳанд.
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус зимни пешбурди чорабиниҳои оперативию санҷишӣ фаъолияти ғайриқонунии як нафар зан, сокини ноҳияи мазкур ошкор карда шуд.
Одинаева Ибодат, соли тавллудаш 1957, ки пайваста ба сеҳру фолбинӣ машғул шудаву бо ин роҳ мушкилоти рӯзгори худро аз ҳисоби мардуми гумроҳу корафтода ҳал мекунад, дар ҳолати машғул буданаш ба фолбинӣ муайян карда шуд.
Зимни пурсиш муайян гардид, ки дар асл номбурда ягон дониши динӣ надошта, танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдори мардумфиребона мезадааст.
Нисбати Одинаева Ибодат мутобиқи моддаи 482 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>