Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кирдорҳои мардумфиребонаи сеҳргар ошкор гардид

Вобаста ба кирдорҳои мардумфиребона ва дурӯғини чандин нафар фолбину ҷодугар, ки бо истифода аз муқаддасоти дин ва боварию эътиқоди шаҳрвандон, кирдорҳои авомфиребонаи худро амалӣ менамуданд, борҳо тавассути воситаҳои ахбори омма маълумот пешниҳоди шаҳрвандон гардонида бошем ҳам, ҳануз бархе шаҳрвандон барои кушоши кор ва дармони дард ба назди чунин ашхос мераванд.

5

Чунин як далел аз ҷониби кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД ошкор гардид. Дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони раёсати мазкур тавонистанд фаъолияти ғайриқонунии як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Қурбон Гелдӣ Насриддан, соли таваллудаш 1957, зодаи вилояти Қундуз, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисорро ошкор намоянд.

Номбурда бо ҳар гуна макру найрангҳои ба худаш хос ва дур аз мазҳабу шариат дар деҳаи Чуқураки шаҳри Ҳисор ба сеҳру чоду ва фолбинӣ машғул гардида, бо истифода аз ҳаргуна ашёҳои карахт ба муштариёнаш ваъдаи беасос медиҳад, ки гуё сеҳру ҷодуи ӯ ба муносибатхои оиладорӣ, меҳру муҳаббати хонаводагӣ, кушоиши кор ва дармони дард кумак мекарда бошад.
Ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷраи кории номбурда аз онҷо ашёи карахт ба монанди қулфу калид, оҳанрабо, пусти ҳайвонот, мех, маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзану ришта ва як миқдор тумору таштоб дарёфт карда гирифта шуд. Аз рӯи нишондоди боздоштшуда, ӯ тавассути ашёҳои номбурда амалҳои сеҳру ҷодуро анҷом медодааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Қурбон Гелдӣ Насриддан тибқи талаботи моддаи 482 КҲМ ҶТ протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ гардид.
Дилшод Холов




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика