Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати воқеъона тафтиш намудани ҳодисаи Сайёра Дусаева

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба ҳодисаи рӯзи 4-уми январи соли 2023, ки дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Москваи Федератсияи Россия нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёра Дусаева рух дод, ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев В.А. барқия ирсол намуда, хоҳиш намуд, ки ҷиҳати воқеъона баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат намояд.

Хотиррасон менамоем, ки як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона лату кӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дида, шаъну шарафи ӯро паст кардааст ва номбурда маҷбур шудааст барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад.
Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика