2-юми январи соли 2023 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб шаҳрванд Пиронов Акбар Самадқулович, соли таваллудаш 01.10.1986, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, маҳаллаи Хоҷамуссо, хонаи 52, оиладор, пеш бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст, ҳангоми ба муомилот баровардани маводи нашъадор дастгир карда шуд. Дар вақти азназаргузаронии манзили истиқоматии номбурда маводи нашъадори навъи ҳашиш ба миқдори 356 гр дарёфт карда шуда, дар ҳузури шахсони холис мусодира карда шуд.
Аз нишондодҳои дастгиршуда Пиронов А.С. маълум карда шуд, ки номбурда маводи нашъадори мазкурро аз шаҳрванд Розиқов Абдуқаҳҳор Исроилович, соли таваллудаш 28.02.1986, миллаташ тоҷик, сокини шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Даминзода, хонаи 289, муҷаррад, соҳиби 2 фарзанд, пеш бо моддаи 200 қисми 3 КҶ ҶТ суд шудааст, ба маблағи 5000 сомонӣ харидорӣ намудааст.
3-юми январи соли 2023, Розиқов А.И. дар манзили истиқоматиаш дастгир шуда, ҳангоми азназаргузаронии хона як миқдори маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Пеш аз дастгир шудан шаҳрванд Розиқов А.И. маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) истеъмол намуда буд ва дар вақти ба Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон дастрас намудан дар роҳ номбурда бинобар сабаби истеъмол намудани теъдоди зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) ба ҳалокат расид.
Ҷасади номбурда барои ташхиси судӣ ба Судэкспертизаи судӣ-тиббии шаҳри Кӯлоб супорида шуд.
Оид ба ин ҳодиса санҷиш аз тарафи Прокуратураи минтақаи Кӯлоб идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>