Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳолати дуздӣ

74a44dcac53dc9d507d7c9d549fbebb0

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми декабри соли 2022, тахминан соати 19:30-дақиқа, шахсони номаълум тирезаи автомашинаи тамғаи “Опел”-ро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, шикаста, аз дохилаш 12-адад қуттиҳои тамокуи гуногунтамғаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 65 ҳазору 650 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 18-солаи сокинони шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 23-солаи сокини ноҳияи Восеъ, муроҷиат намудааст, ки 9-уми декабри соли 2022, тахминан соати 02:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз нуқтаи фурӯши телефонҳои мобилӣ 21-адад телефонҳои мобилии тамғаҳои гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 65 ҳазору 350 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Муъминобод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика