4-уми декабри соли 2022, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес ML-280», Раҳматов Илёсҷон Илҳомҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Ашт” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саматова Азиза Азамҷоновна, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Саматова А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
5-уми декабри соли 2022, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЛЕКСУС RХ-330”, Зайбуддинов Маҳмадрасул Тоирович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада онро ба канори чапи роҳ ба дарёи Элок чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Зайбуддинов Тоҳир, соли таваллудаш 1953, сокини шаҳри Ваҳдат ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>