Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми Воҳидҳои таъиноти махсус дар мубориза бо ҷинояткорӣ назаррас аст

10

5 декабри соли 2022, бахшида ба муносибати рӯзи Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан кормандони Дастаи мазкурро аз номи роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи таъсисёбӣ самимона шодбош намуда, иброз дошт, ки ҳайати шахсии ин ниҳод дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар хизматҳои беназир кардаанд.
Ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз ба савганди худ содиқ буда, дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои ҷиноятпеша пешсаф мебошанд.
Инчунин, дар ин чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам кормандони ин ниҳодро бо рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсус табрик намуда, қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду боши сохторҳои низомӣ беҳтар гардида, пойгоҳи моддиву техникии ин ниҳод бо техникаи ҳозиразамон ва муҳимоти ҷангӣ таъмин мебошад.
Дар рафти чорабинии тантанавӣ кормандони дастаи мазкур барои хизматҳои содиқона ба халқу Ватан бо Ифтихорномаҳои фахрӣ, Сипосномаҳо ва туҳфаҳои арзишнок дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардиданд.11
Офоқ Қодириён, полковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun1

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика