Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаи байналмилалӣ байни наврасон дар ВКД

IMG 9660

Рӯзи 24-уми ноябр дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯйи намуди гӯштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2006-2008 бахшида ба 31-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти шиори «Варзиш - зидди маводи мухаддир» баргузор гардид.

Бояд зикр намуд, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарони наврас аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Узбекистон ширкат менамоянд.

Тавре масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» иброз доштанд, мақсад аз баргузории чунин як мусобиқа, пеш аз ҳама баҳри мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат миёни варзишгарони ҷумҳуриҳои бародарӣ мебошад. Ҳамзамон, мавриди ёдоварӣ аст, ки мусобиқаи мазкур ба рӯзе рост омад, ки дар кишвари мо фазои идона ҳукмрон мебошад. Яке аз санаҳои муқаддас Рӯзи Парчами давлатӣ, ки барои тамоми варзишгарон ва сокинони кишвар гиромӣ, басо рамзӣ мебошад.
Мусобиқа ду рӯз идома ёфта, ғолибон бо медалу туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

IMG 9655

IMG 9631
Тоҷиддин Латипов

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

241122

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика