Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар СХДО ВКД

P1150558

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ 23-юми ноябри соли 2022 дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Сарраёсат, ҳайати кормандони Дастгоҳи марказӣ, сардорону ҳайати шахсии ҷузъу томҳои СХДО ВКД, собиқадорон ва меҳмонон бо ворид гардидани Парчами давлатӣ ба толори маҷлисгоҳ ва садо додани Суруди миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро сардори СХДО ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода оғоз бахшида, аз ҷумла зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ мебошад. Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ватани азизамон аввалин рамзи давлатдорие, ки дар ҷумҳурӣ қабул карда шуд, Парчами миллӣ буд. 24-уми ноябри соли 1992, яъне 30 сол муқаддам дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ бо ҳамовозии тамоми вакилони халқ тасдиқ ва қабул карда шуд, ки имрӯз чун дигар давлатҳои ҷаҳон, Тоҷикистон бо ҳамин рамзҳои давлатдориаш дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, маҳбубияти хоси худро пайдо намудааст. Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид.
Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштан бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст». Бинобар ин, таҷлили ҷашни Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ мебошад. Зеро имрӯз Тоҷикистонро кишварҳои олам бо Парчами давлатиаш чун ҷумҳурии мустақил мешиносанд ва дар арсаи байналмилалӣ эътироф менамоянд,- гуфт сардори сарраёсат Бахтиёр Умарзода.P1150568
Муовинони сардори сарраёсат ва Раиси Шӯрои собиқадорони СХДО ВКД низ дар баромадҳои худ оид ба таърих ва давраҳои гуногуни парчамдории миллати тоҷик ва моҳияти он суханрони намуда, Парчами давлатиро ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ арзёбӣ намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода бори дигар ҳозирин ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ободу зебоии ҳамешагии Тоҷикистони азиз ва парафшонии Парчами давлатиро таманно намуд.
Сипас, дар барномаи махсуси омоданамудаи фарҳангӣ овозхонони шинохтаи ҷумҳурӣ бо сурудҳо дар васфи Ватан-Модар, Парчами давлатӣ ва дигар сурудҳои ватандӯстию ватандорӣ табъӣ ҳозиринро болида гардониданд.
Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика