Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси Ватанро мебояд бо ҳисси баланди ифтихор арзишҳои муқаддаси кишвари сулҳу амонидоштаро пос дошта ва зери ливои Ватан шукргузорӣ намояд.
Дар радифи дигар сохтору мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми ноябр дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, баргузор гардид.
Дар ҷамъомад ҳайати шахсии раёсат, ҷузъу томҳои он, меҳмонон ва ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар ширкат намуданд.Пас аз ворид кардани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан ҳамаи ҷамъомадагонро ба ҷашни миллӣ таҳният гуфта, изҳор дошт, ки миллати тоҷик хушбахттарин миллатҳои рӯи дунёст, зеро дорои давлати соҳибистиқлол, рамзҳои давлатдорӣ ва мардуми сулҳпарвар мебошад.
Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.
Дар чорабинӣ устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, кормандони раёсат ва ҷавонони фаъол баромад намуда, зикр карданд, ки Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст ва баргузории чорабинӣ ин пеш аз ҳама шиносоии ҷавонон бо анъана ва дастовардҳои миллӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҳар як фард мебошад.Дар давраи сохибистиқлолии Тоҷикистон, қадршиносӣ ва гиромӣ доштани Парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва ватани маҳбубамон мебошад.
Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби ҷавонони фаъол, муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар роҷеъ ба гиромидошти Рӯзи Парчами давлатӣ шеъру ғазалҳо қироат гардида, ҳамчунин бо маърузаҳои пурмуҳтавояшон бо ҳисси баланди ифтихор аз ватандорӣ дар назди ҳозирин баромад намуданд.
Рӯзи Парчами давлатӣ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил гардид.
Офоқ Қодириён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>