Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду ноболиғ дар ҳодисаҳои нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

22-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 10:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ГАЗ-53”, Мирзомуродов Умаралӣ Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Зебунисо ба самти терминали мусофиркашонии ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагардон: Назарова Ҳомия Тошовна, соли таваллудаш 1965 ва набераи хурдсолаш, Ашурализода Меҳрубон Тошмуҳаммад, соли таваллудаш 2020, сокинони ҳамон ҷоро, пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Ашурализода М.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Назарова Ҳ.Т. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
22-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Раҷабов Шаҳзод Субҳиддинович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакии шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Раҳмонов Самандар Ботирович, соли таваллудаш 2013, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Раҳмонов С.Б. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика