Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 3 нафар дар ду садамаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

10-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Убайдуллоев Соҳибулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Ашт-Хуҷанд», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро пахш намудааст.
Дар натиҷа, соҳиби харароба Набиева Орзӯ Ҷумановна, соли таваллудаш 1980, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
10-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Қаробоев Муъминҷон Маҳмудович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Б.Ғафуров-Конибодом», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Исфисор бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагардон Гадоева Башорат Қурбоналиевна, соли таваллудаш 1959 ва Гадоева Муслима Зафаровна, соли таваллудаш 2003, сокинони ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагардон Гадоева Б.Қ. ва Гадоева М.З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика