Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо роҳи ғоратгарӣ ба даст овардани маблағ ва телефон

04

Аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд нисбати марди 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаҳои 244 қисми 2 ва 237 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз карда шудааст.
Номбурда, 4-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ бо дасташ як маротиба ба рӯи марди 50-солаи сокини шаҳри Истаравшан зада баъдан бо истифодаи зӯроварӣ аз ҷайбаш 950 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “ЛҶ”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика