30-юми октябри соли 2022, тахминан соати 16:10-дақиқа, ноболиғ Тағоймуродов Нурмаҳмад Зокирович, соли таваллудаш 2005, сокини пойтахт, бе шаҳодатномаи ронандагӣ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ронда, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Рӯдакӣ ба самти роҳи мошингарди ҶСК “Сементбарорӣ”-и шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи ноболиғ Тағоймуродов Н.З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур, Сатторов Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>