Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагарди хурдсол ва мусофир бар асари садамаи нақлиётӣ

06523-юми октябри соли 2022, тахминан соати 14:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Отаев Рустамбой Тухтабоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди дохили ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Пулотов Пулотҷон Абдусамадович, соли таваллудаш 1961, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Пулотов П.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон, 22-юми октябри соли 2022, тахминан соати 11:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Собиров Қадрулло Ёқубович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри мазкур ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, дучархарони хурдсол Қаландаров Муҳаммад Саидшарифович, соли таваллудаш 2013, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Қаландаров М.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дар дохили автомашинаи мазкур буда, Рустамова Қумринисо Темировна, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Муъминобод, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи ноҳия дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика