Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда ва ду мусофир дар пайи садамаи нақлиётӣ

009

21-уми октябри соли 2022, тахминан соати 17:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Дурманов Абдулло Ҷумъаевич, соли тавалудаш 1994, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаркат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахробод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи боркашӣ тамғаи “Хова”, таҳти идораи ронанда, Муҳаммадиев Дӯстмурод Негматуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини пойтахт бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Дурманов А.Ҷ. ва мусофиронаш; Бегназаров Муҳаммад Исматуллович, соли таваллудаш 1996 ва Қаландаров Нурулло Ҷӯраевич, соли таваллудаш 1995, сокинони ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Нисбат ба ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика