Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» дар вилояти Хатлон

image 17

Яке аз бахшҳои калидӣ, ки бевосита фаъолияти онҳо ба ошкор ва дастгиркунии ҷинояткорон равона гардидааст, ин воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Хатлон ва бахшида ба рӯзи кормандони оперативӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ», дар байни кормандони оперативии воҳидҳои мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ дар вилояти Хатлон, инчунин вобаста ба эълон гардидани соли 2022 «Соли баланд бардоштани малакаи касбии кормандони оперативӣ» баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, аз ҷумла кормандони оперативии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва кормандони оперативии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат доштанд.
Вобаста ба татбиқи фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан, ҳайати комиссия ва шартҳои гузаронидани озмун муайян карда шуд.
Озмунро муовини Раиси комиссия, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Таҷалӣ Диловар Алӣ ҳусни оғоз бахшида, тамоми ҳозирин ва иштирокчиёни онро хайрамақдам гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд ва аъзоёни комиссия дар ҳайати зерин ба иштирокчиёни озмун муаррифӣ карда шуданд: Муовини сардори шуъбаи таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Аҳтамшозода Саидмуҳаммад Аҳтамшо ва сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Самиев Назар Мурадович.
Озмун се давраро дар бар гирифт. Дар даври аввал пешниҳоди саволу ҷавобҳои тестӣ ба иштирокчиён сурат гирифт.
Дар даври дуюм пешниҳоди саволҳо ба иштирокчиёни озмун тариқи гирифтани як билет, ки се савол дорад ва додани се саволи иловагӣ аз тарафи ҳакамон сурат гирифт.
Ҳашт нафар иштирокчиёне, ки дар даври дуюм роҳхат гирифтаанд ба саволҳо ҷавоб доданд ва аз тарафи ҳакамон аз 1 то 5 холгузорӣ карда шуданд.
Аз ҳашт нафар иштирокчиёни даври дуюм 3 нафар иштирокчӣ, ки холҳои нисбатан баландро сазовор гардиданд ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Баъди гузаронидани давраҳои озмун, ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 озмун аз ҷониби Раиси комиссия расман эълон карда шуд:
Ҷойи якум насиби ваколатдори оперативии ШКҶ ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ, лейтенанти калони милитсия Абдуллоев Хуршед,
Ҷойи дуюм ба намояндаи РҚДАМ дар вилояти Хатлон:
Ҷойи сеюм ваколатдори оперативии ШКҶ ШВКД дар ноҳияи Вахш лейтенанти калони милитсия Чилаев Ҷаҳонгир эълон гардиданд.
Дар фарҷоми озмун Раиси комиссия муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Абдураҳмонзода Фатҳулло Абдулло ба ҳар як иштирокчии озмун саломативу шодкомӣ ва дар донишандӯзӣ, мувафақиятҳои беназир ва будбориҳо таманно намуд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки мукофтоҳои пешбинигардида ба ғолибони озмун баъди ба тасвиб расидани фармоиши махсус, дар вазъияти тантанавӣ рӯзи 5 октябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи кормандони оперативӣ, аз ҷониби роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон супорида мешаванд.
Ба ҳамин қисмати расмии озмуни мазкур ҷамъбаст гардид.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun1

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика