Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 4 нафар дар садамаҳои нақлиётии марговар

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

1-уми октябри соли 2022, тахминан соати 01:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”, Мирзоев Ифтихор Бурихонович, соли таваллудаш 1992, сокини пойтахт, зимни ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода, ба самти шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи “Турсунзода-Ҳисор-Душанбе” пиёдагарди ноболиғ, Мухторова Мунавара Аҳтамовна, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Ҳисор, ки аз канори рости роҳ, аз автомашинаи “Опел-Астра” аз тарафи чапаш фаромада, ҳангоми аз тарафи рости роҳ ба тарафи чапи роҳ давида гузаштанаш, ба қисми пеши автомашинаи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Мухторова М.А. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва дар ин ҳолат ронанда Мирзоев И.Б. бошад, дар ҷойи ҳодиса наистода, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. Баъд аз чанд лаҳза баргашта омадааст.
Аз рӯи ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.
Инчунин 1-уми октябри соли 2022, тахминан соати 21:20-дакиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», Фозилзода Ҳусейнҷони Сангалӣ, соли тавалудаш 1997, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеаи гузоштаи канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина, Олимов Хайрулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон, 1-уми октябри соли 2022, тахминан соати 12:10-дакиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Комилзода Бахтовари Файзулло, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар километри 23-юми роҳи мошингарди “Ваҳдат-Кӯлоб-Хоруғ”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби барқии канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина, Муъминов Шаҳзод Муҳаммадович, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин шаҳр ва Раҷабов Нуриддин Шукруллоевич, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Хуросон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика