Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда ва хурдсол дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ

029

18-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 19:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шарипов Маҳмадсаид Латифович, соли таваллудаш 1984 сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Н.Хусрав ба самти ноҳияи Шаҳритус, дар ҳудуди деҳаи Комсомоли н.Н.Хусрав, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба канори рости роҳ баромада ба теппаи хокӣ бармехӯрад.
Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ барошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон 19-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мазда-6», Исматов Зафарҷон Бобоҷонович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов, ноболиғ Эшназарова Ҳалимахон Илҳомҷоновна, соли таваллудаш 2011, сокини ноӽияи мазкурро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Эшназарова Ҳ.И. ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳолатҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика