Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чор нафар низомиёни дастгиршуда аз рӯи принсипи башардӯстона ба Ҷумҳурии Қирғизистон супорида шуданд

Тибқи созиши ба амаломадаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шоми 19 сентябри соли 2022, соати 19:00 бо вақти Душанбе, 4 нафар низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон:

- прапоршики дидбонгоҳи сарҳадии «Достук»-и ноҳияи Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон Самарбек уулу Адилет, соли таваллудаш 17.03.1995, сокини ноҳияи Жумгали;
- старшинаи дидбонгоҳи сарҳадии «Достук»-и ноҳияи Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон Туйчиев Ҷамолиддин Исмаилҷанович, соли таваллудаш 20.12.1984, сокини вилояти Ош, ноҳияи Аравон;
- ефрейтори қисми ҳарбии №30647 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Асылбек уулу Рустамбек, соли таваллудаш, 28.02.2002, сокини ноҳияи Баткен, ҷамоати деҳоти Қизилбек;
- ефрейтори Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон Машраб уулу Нурбек, соли таваллудаш 17.06.2001, сокини ноҳияи Навкат, ҷамоати Қизилтаит, ки зимни муноқишаҳои мусаллаҳона дар ҳудуди марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуда буданд, аз рӯи принсипи башардӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамсоягии нек ба ҷониби Қирғизистон супорида шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи талаботи меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон бо ёрии тиббӣ, хурду хӯрок ва шароити маишӣ таъмин карда шуданд.

WhatsApp Image_2022-09-19_at_21.27.17

WhatsApp Image_2022-09-19_at_21.27.19WhatsApp Image_2022-09-19_at_21.27.19_1

WhatsApp Image_2022-09-19_at_21.27.23

WhatsApp Image_2022-09-19_at_21.27.20




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика