Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи варзишӣ - касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳии Тоҷикистон» дар СХДО ВКД

IMG 0104

17 сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи варзишӣ-касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарияти СХДО ВКД, инчунин мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҷӯраев Ориф Олтинович, сардори Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Ҳалим, роҳбарони федератсияву асотсиатсияҳои мухталифи варзишии мамлакат ва меҳмонон баргузор гардид.

Ҷаласаро ёрдамчии сардори СХДО ВКД подполковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини аввали сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода дод. Мавсуф зимни баромади худ сараввал иштирокчиёни ҷамъомадро аз номи роҳбарияти СХДО ВКД хайрамақдам гуфта, сипас аз давраҳои таъсисёбии варзишӣ-касбии оташнишонӣ дар мамлакат ва дастоварду комёбиҳои варзишгарони соҳаи оташнишонии тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун, робитаи доимии хадамот бо устодони ин намуди варзиш суханронӣ намуда, ба дастаи варзишӣ-касбии оташнишонии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ «Ҷоми ҷаҳон» оид ба ин намуди варзиш, ки байни 30 давлати дунё дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешавад, зафару комёбиҳои беназирро таманно намуд.
Сардори Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Ҳалим ҳам дар баромади хеш аз ҷумла иброз дошт, ки кумита аз рӯзҳои аввал кӯшиш дорад Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи варзишӣ-касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳии Тоҷикистон» таъсис дода шавад ва варзишгарони он аз ин намуди варзиш дар мусобиқаҳо фаъолона иштирок намоянд.
IMG 0120Бояд қайд кард, ки дар маҷлиси умумӣ 5 масъалаи муҳим баррасӣ гардид. Аз ҷумла:
1. Интихоби ҳайати роҳбарикунандаи Раёсат.
2. Кушодашавии филиалҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи варзишӣ-касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳии Тоҷикистон» дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Бохтар ва Хуҷанд.
3. Интихоби ноибони Раис, котиби генералӣ, директори иҷроия, кумитаи доварон, шӯрои мураббиён, муҳосиб ва комиссияи тафтишотии «Федератсияи варзишӣ-касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳии Тоҷикистон».
4. Барои беҳтару хубтар намудани фаъолияти кори «Федератсияи варзишӣ-касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳии Тоҷикистон» даъват намудани сарпарастон ва иштирок намудани онҳо дар чорабиниҳои ташкилоти ҷамъиятӣ.
5. Баррасии масъалаҳои ҷорӣ.
Мувофиқи Оинномаи ташкилоти мазкур тариқи овоздиҳии кушода маҷлиси умумии Раёсати «Федератсияи варзишӣ-касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳии Тоҷикистон» бо қарори худ ба муҳлати 3 сол Умарзода Бахтиёрро Раиси Федератсия, Аминов Саидбек Азизовичро ноиби аввали Раиси Федератсия, Шоҳиён Аслиддин Назриро ноиби Раиси Федератсия, Зоиров Бобо Бахшиевичро ноиби Раиси Федератсия, Азамзода Худоймурод Назарро Котиби генералии Федератсия, Шарифзода Шариф Мирсаидро Директори иҷроияи Федератсия ва Раҳимзода Хуршед Абдураҳимро Роҳбари кумитаи доварони «Федератсияи варзишӣ-касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳии Тоҷикистон» якдилона интихоб намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи муовини аввали сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода ба иштирокчиёни ҷаласа барои иштироки фаъолонаашон изҳори сипосу минатдории самимӣ карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи иттилои собиқадорони соҳа, мусобиқаи касбӣ-оташнишонӣ аввалин маротиба дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1937 ташкил ва гузаронида шудааст ва он ҳаводорони зиёди худро пайдо намуда, то ба имрӯз ҳамасола аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида мешавад.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика