Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду ронанда бар асари садамаҳои нақлиётӣ

00915-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-СИЕЛО”, Қурбонов Рамазон Холмуродович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Кароматуллои Муродзода, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Данғара, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-СИЕЛО”, Қурбонов Р.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
15-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 11:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Низомиддинов Низомиддин Қиёмиддинович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Чанок” дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Мирзоев Баҳодур Ҷабборович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Варзоб, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Мирзоев Б.Ҷ. ва мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» Миралиева Саодат, соли таваллудаш 1965, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Мирзоев Б.Ҷ. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика