Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ду ронанда ва як пиёдагард дар ҳодисаҳои нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

13-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 01:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДАФ», Абдураҳимов Абдуғанӣ Абдуразоқович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «МАН», таҳти идораи Ёқубҷони Абдумаҷид, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиашон бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи «ДАФ», Қурбонов Анушервон Илҳомович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
12-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 21:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Норов Фозилҷон Давлатович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тошпулотов Уроқ Саидович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Тошпулотов У.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

241122

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика