Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани силсилақаллобиҳо

043

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2022, марди 29-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Бокс”-ро ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи апрели соли 2022, ба боварии марди 29-солаи сокини ноҳияи Панҷ даромада, ба ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Авесто”-ро ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ фурӯхта, то ҳол ҳуҷҷатҳои автомашинаро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи феврали соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус RX”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин 5-уми январи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини шаҳри Кӯлоб даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”-ро ба маблағи 265 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

241122

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика