Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофири скутер дар ҳодисаи нақлиётӣ

005

29-уми августи соли 2022, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Ҳомидов Акмалҷон Рӯзибоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Ғафуров-Конибодом», дар гардиши ҷамоати деҳоти Хистеварз аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба муқобили самти роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи Қудусов Иззатулло Абдуғафорович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Исфара бархӯрдааст.
Дар натиҷа, автомашинаи «Опел-Зефира» ба «Скутер», таҳти идораи Бобокалонов Исмон Розиқҷонович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири скутер Бобоев Абдували Ғаниевич, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика