14-уми августи соли 2022, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Камри», Гулямов Меҳроҷиддин Зикирович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Меҳробод бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, шаӽрванд Расулова Манижа Ҷамшедовна, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри мазкурро бо ҳамроҳи фарзандони хурдсолаш, Хуҷаев Абдумуслим Муродалиевич, соли таваллудаш 2017 ва Ҳуҷаев Абдулло Муродалиевич, соли таваллудаш 2022, пахш намудааст.
Мутаасифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш Расулова М.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва фарзандони ноболиғаш дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Ӽамзамон 14-уми августи соли 2022, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Назирзода Рамазон Абдуқаюм, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Данғара, бехатарии ҳаракати роҳро риоя карда натавониста чароғаки роҳнаморо бо ранги сурх гузашта дар миёнаи чорроҳа аввал ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Назаров Далер Файзиддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи мазкур бархӯрда, сипас ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, таҳти идораи Фатҳиддинов Фирузҷон Каримович, соли таваллудаш 1986, сокини ӽамин ноӽия, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидова Чиндагул Маҳталовна, соли таваллудаш 1962 ва Саидова Дастагул Маҳталовна, соли таваллудаш 1960, сокинони ноӽияи Данғара, ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд ва Саидова Гулнора Сулаймоновна, соли таваллудаш 1985 ба саломатиаш ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>