Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миннатдории собиқадорон ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ

 viber_2022-08-13_09-43-06-894

Мо як гуруҳ собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, ки айни ҳол дар Осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт истироҳат намуда истодаем бо шукргузорӣ аз Ватани обод ва сарзамини орому осоишта миннатдории худро ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мерасонем.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамасола садҳо нафар аз оилаҳои кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми таътили тобистона бо ғамхориҳо ва дастгириҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба осоишгоҳҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар вилояту минтақаҳо ҷойгир мебошанд, барои истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Ин дастгирию ғамхориҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар партави сиёсати одилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба истироҳату фароғат фаро гирифтани нафақахӯрону собиқадорон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро аз мадди назар дур намемонанд.

 

Бо эҳтиром аз номи собиқадорон ва оилаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Холова Саёра Абдуқодировна, Муродова Бимо Мирзомуродовна




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика